Мунтахаби Тоҷикистон бар тими Лубнон пирӯз шуда, ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт! – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон бар тими Лубнон пирӯз шуда, ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт!

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» бар тими миллии Лубнон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ ёфт.

Голҳои Парвизҷон Умарбоев ва Нуриддин Ҳамроқулов ғалабаи тими моро бар дастаи Лубнон таъмин сохтанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» мунтахаби Қатар бар яккачини Чин пирӯз шуд – 1:0.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ Қатар бо 9 имтиёз дар чаҳоргонаи «А» садрнишин гашт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Рақиби дастаи мо дар даври баъдии мусобиқот дертар маълум мешавад.

 

🏆 Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А». Даври 3

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇱🇧 Лубнон – 2:1

️ Голҳо: Бассел Ҷради, 47 (0:1). Парвизҷон Умарбоев, 80 (1:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 90+2 (2:1).

🇹🇯 Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 90+12), Алишер Шукуров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 71), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Шервонӣ Мабатшоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 71), Алишер Ҷалилов (Руслан Хайлоев, 88), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 71).

🔝 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Парвизҷон Умарбоев (🇹🇯 Тоҷикистон).

🏟 22 январ. Доҳа. Варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамад. 11 843 тамошобин.

Назари худро бинависед