Мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозиҳо бо Арабистони Саудӣ дар Қатар ҷамъомади тамринӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозиҳо бо Арабистони Саудӣ дар Қатар ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи март қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими Арабистони Саудӣ дар шаҳри Давҳа ҷамъомади даҳрӯза анҷом медиҳад.

Дастаи мо аз 9 то 18 март дар Қатар тамрин мекунад. Бегоҳи 18-уми март тими Тоҷикистон аз Давҳа барои анҷоми бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ ба Риёз сафар мекунад. Ин вохӯрӣ 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Сипас, тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.

 

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 3

📅 21 март (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе

🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Риёз, Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд

 

Даври 4

📅 26 март (сешанбе)

️ Оғоз – соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇸🇦 Арабистони Саудӣ

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед