Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бар тими Лаос зафар ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бар тими Лаос зафар ёфт

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷараёни вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» аз тими олимпии Лаос шикаст мехӯрд, вале дар дақиқаҳои охири бозӣ тавонист на танҳо ҳисобро баробар кунад, балки пирӯз ҳам шавад – 2:1. Голҳои Содиқҷон Қурбонов ва Руслан Хайлоев ба дастаи мо се имтиёз оварданд. 

Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Австралия бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 12 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

♦️ Гурӯҳи «I». Даври 2

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇱🇦 Лаос – 2:1

️ Голҳо: Дамотҳ Тхонгхамсаватҳ, 54 (0:1). Содиқҷон Қурбонов, 90+1 (1:1). Руслан Хайлоев, 90+4 (2:1).

🔝 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Руслан Хайлоев (🇹🇯 Тоҷикистон).

🏟 9 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Назари худро бинависед