Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тамринҳои охирини пеш аз бозӣ бо Кореяи Ҷанубиро анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тамринҳои охирини пеш аз бозӣ бо Кореяи Ҷанубиро анҷом дод

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини ба бозии даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Кореяи Ҷанубӣ омодагӣ мегирад.

Имрӯз дастаи мо машқҳои охирини худро қабл аз бозӣ гузаронд. Дар тамринҳо ҳамаи 23 бозигаре, ки ҳоло дар ҳайати даста қарор доранд, ширкат карданд.

Қобили зикр аст, ки бозии даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 14 апрел дар варзишгоҳи «Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 20:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед