Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 муқобили тими Кореяи Ҷанубӣ бо либоси сурх бозӣ мекунад.
Қабл аз бозии даври чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи «Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити»-и шаҳри Ҷидда бо ширкати намояндагони КФО, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ, масъулон ва инчунин менеҷерони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҷаласа баргузор шуд.
Дар маҷлис ранги либоси футболбозон тасдиқ карда шуд. Дастаи наврасони Тоҷикистон бо либоси сурх ва тими Кореяи Ҷанубӣ бо либоси сиёҳ ба майдон мебароянд.
Шуруъ карда аз марҳилаи чорякниҳоӣ дар тамоми бозиҳои Ҷоми Осиё-2025 (U-17) системаи VAR истифода мешавад.
Тибқи низомномаи мусобиқот, агар вақти асосии бозӣ мусовӣ шавад, баъди он силсилаи пеналти таъйин мегардад.