Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Ҷоми Осиё-2023 дар Тайланд бозии дуюмашро анҷом дод.
Наврасони Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар чаҳоргонаи «А» аз дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд.
Сарфи назар аз шикасти имрӯза, шогирдони Раҳматулло Фузайлов имкони баромадан аз гурӯҳро нигоҳ медоранд. Барои роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 лозим меояд, ки бар тими Австралия пирӯз шавад. Ин рақобат 22 июн баргузор мешавад.
Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17)
Гурӯҳи «С». Даври 2
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН – 2:0
Голҳо: Талол Абубакр Ҳоҷӣ, 64 (1:0). Талол Абубакр Ҳоҷӣ, 90 (2:0).
Тоҷикистон: Сунатулло Исмоилов, Диловар Ҷамшедзода, Баракатулло Нигматуллозода, Шеравган Саидов, Ҷовидон Хушвахтов, Абубакр Сулаймонов, Шаҳбон Наимов (Рустам Камолов, 61), Раббонӣ Камолов (Меҳрубон Ҳамидов, 74), Ҳоҷӣ Абдуманон (Ориёнмеҳри Нуриддин, 61), Амири Фарҳод (Билол Бобоев, 71), Масрур Ғафуров (Муҳаммадҷон Тоҳирӣ, 61).
19 июн. Чонбури, Таиланд. Варзишгоҳи Чонбури. 72 тамошобин.
Чин – Австралия – 3:5