Дастаи мунтахаби наврасони то 15 солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба гирифтани мақоми дуюм муваффақ шуд. Мусобиқа аз 19 то 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва бо пирӯзии тими мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид.
Дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, доир гардид, мунтахаби Эрон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Эрон мақоми аввал ва Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намуданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат гирифт. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари гирифтааш муайян шуд.
Ҷоизаи «Fair Play» («Бозии одилона») ба мунтахаби наврасони Қирғизистон супурда шуд. Капитани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов, ки се гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд. Ҷоизаи аз ҳама бозигари муфидро Исмоил Ҳолизода Самиён аз тими мунтахаби Эрон ба даст овард.