Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023 ба Тошканд сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023 ба Тошканд сафар кард

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба шаҳри Тошканд рафт.

Ба ҳайати тими занонаи Тоҷикистон 14 нафар – 3 дарвозабон ва 11 бозигар шомил аст.

Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал байни дастаҳои футзали занона аз 27 то 30 январ дар Тошканд баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод» сурат мегиранд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон бозии якуми худро дар ин мусобиқа рӯзи 27-уми январ бо тими Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Дар даври дуввум рӯзи 28-уми январ дастаи мо бо Эрон бозӣ мекунад. Дар даври ниҳоӣ бошад, дастпарварони Мустафо Афшорӣ рӯзи 30 январ бо тими Қирғизистон вомехӯранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби занона аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб тибқи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал: 

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз Зебонисо); 

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз Зебонисо), Мадина Фозилова (бе даста), Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода (Хатлон), Комила Расулова (МВЗО) №2. «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», «Дӯстӣ). 

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Назари худро бинависед