Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2024 вориди Тошканд шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд дастаи Тоҷикистонро намояндагони кумитаи ташкилии маҳаллӣ самимона истиқбол гирифта, ба ҳар як узви дастаи мо тоқӣ бо рамзи чемпионати ҷаҳон тақдим карданд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тошканд дар меҳмонхонаи «Courtyard by Marriott» ҷойгир шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони яккачини мо мунтахабҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд. Ду бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва вохӯрии сеюм дар Бухоро доир мешаванд.