Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия бозии панҷуми санҷишии худро баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия бозии панҷуми санҷишии худро баргузор кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии панҷуми санҷишии худро анҷом дод.

Имрӯз, 11-уми феврал ҷавонони мо бо бошгоҳи «Вишиста Краков»-и Лаҳистон рақобати дӯстона доир карда, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Аз ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Шарипов, ки аз курсии эҳтиётӣ ба майдон баромад, ба задани гол даст ёфт.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо мунтахаби ҷавонони Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз бошгоҳи «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) мағлуб гардиданд.

Тибқи нақша дастпарварони Олег Кубарев то анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия боз як дидори дӯстона баргузор мекунад.

 

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Вишиста Краков» (Лаҳистон) – 1:2

Голи Тоҷикистон: Абдулло Шарипов.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубон Каримов, Шаҳриёри Иноятулло, Азизбек Ҳаитов, Салоҳиддин Иргашев, Амадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ, Салам Ашӯрмамадов, Сунатулло Азизов.

11 феврал. Белек, Туркия. Маҷмааи варзишии «Сусеси».

Назари худро бинависед