Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Анталия бозии дуввуми санҷишии худро баргузор кард.
Имрӯз, 27-уми январ дастаи ҷавонони мо бо бошгоҳи «Бухоро»-и Суперлигаи Ӯзбекистон, ки онро сармураббии собиқи тими миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов роҳбарӣ мекунад, рақобати санҷишӣ анҷом дод. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»-и Сиде баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи «Бухоро» анҷом ёфт. Голи ягонаро аз ҳайати мунтахаби мо Сунатулло Азизов зад.
Қаблан дар бозии аввали рафиқона мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ натиҷаро мусовӣ (0:0) карда буд.
То охири ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия дастаи ҷавонони кишвар боз панҷ бозии дӯстонаи дигар баргузор мекунад.
🤝 Бозии санҷишӣ
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇺🇿 «Бухоро» (Ӯзбекистон) – 1:3
Гол: Сунатулло Азизов.
🇹🇯 Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Асадбек Зиёзода, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов, Кабир Салимшоев, Салоҳиддин Иргашев, Амадонӣ Камолов, Фаридун Давлатов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода.
🏟 27 январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ».