Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дуввуми дӯстона ҳам бар тими ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуд.
Ин вохӯрӣ имрӯз, 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо голро дар дақиқаи 37-ум нимҳимоятгари дастаи «Динамо»-и Душанбе Бежан Нишонбойзода ба самар расонд.
Дар бозии якуми дӯстона, ки ду рӯз пеш баргузор шуда буд, мунтахаби ҷавонони мо бар ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:1 ғолиб гардид.
Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20) – 1:0
Гол: Бежан Нишонбойзода, 37.
4 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 520 тамошобин.