Мавсими нави футболи Тоҷикистон 5-уми апрел оғоз мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави футболи Тоҷикистон 5-уми апрел оғоз мегардад

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи оғози мавсими нави футболро бо иштироки дастаҳои лигаи олии мамлакат эълон намуд. Аз рӯи ҳисоб мусобиқаи имсола 29-ум чемпионати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лигаи олӣ мебошад.

Дар мавсими имсолаи футбол, дар лигаи олии Тоҷикистон, ки рӯзи 5-уми апрел оғоз меёбад,  даҳ даста ширкат мекунанд. Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), инчунин се дастаи дебютант – «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе) мебошанд.

Чемпионати Тоҷикистон-2020 дар се қисм мегузарад ва ҳар даста 27 бозӣ мекунад.

Мутобиқи Низомномаи чемпионати имсола дастаҳое, ки ҷойҳои охирини нуҳум ва даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи якум мегузаранд. Ғолиб ва ҷоизадори имсолаи медалҳои нуқраи мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон бошанд, сазовори роҳхати Лигаи олӣ- 2021 мешаванд.

Дар даври ифтитоҳии чемпионат, ки рӯзи 5-уми апрел баргузор хоҳад шуд, дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд: «Локомотив-Помир» – «Файзканд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ». Ду бозии дигари даври ифтитоҳӣ рӯзи 8 апрел баргузор мешаванд, ки дар онҳо «Душанбе-83» бо «Истиқлол» ва КМВА бо «Хуҷанд».

Аз рӯи анъана пеш аз оғози чемпионат бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон доир мешавад, ки дар он чемпион ва барандаи феълии Ҷом  “Истиқлол” – и Душанбе бо дорандаи медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузаштаи Тоҷикистон  “Хуҷанд” – и Хуҷанд вомехӯрад, Бозӣ рӯзи 4 апрел, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

5 апрел (якшанбе)

Оғоз соати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»

«Хатлон» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

8 апрел (чоршанбе)

Оғоз соати 16:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

КМВА – «Хуҷанд»

Назари худро бинависед