Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор гардид

Имрӯз, 31 май дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон 12 дастаи лигаи аввал баромад мекунанд, ки дар қуръакашӣ аз онҳо шаш ҷуфт ташкил карда шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа «Панҷшер» бо «Динамо», «Ваҳдат» бо «Ҳосилот», «Моҳир» бо «Душанбе», «Ҳулбук» бо «Сарҳадчӣ», «Саройкамар» бо «Гулистон» ва «Барқчӣ» бо «Кӯктош» нерӯ месанҷанд.

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як вохӯрӣ иборат буда, рӯзҳои 4 ва 5 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки дар ин марҳила бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Вохӯрии «Панҷшер» ва «Динамо» дар рӯзҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад, зеро футболбозони тими «Динамо» ҳайати асосии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)-ро ташкил медиҳад, ки рӯзҳои 2 ва 4 июн дар Душанбе бо ҳамсолони худ аз АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Дар сурате, ки як бошгоҳ ҳам қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳам соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали биринҷии лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022

Марҳилаи муқаддамотӣ

4 июн (шанбе)

Бозиҳо соати 17:00 оғоз мешаванд

«Ваҳдат» – «Ҳосилот»

«Моҳир» – «Душанбе»

5 июн (якшанбе)

Бозиҳо соати 17:00 оғоз мешаванд

«Ҳулбук» – «Сарҳадчӣ»

«Саройкамар» – «Гулистон»

«Барқчӣ» – «Куктош»

Назари худро бинависед