Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамарказ гузаронида мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамарказ гузаронида мешавад

Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории бозиҳои боқимондаи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022, санаҳои доиршавии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19 сол (U-19), чемпионати футзали Осиё, инчунин шакли баргузории Ҷоми КФО-2021-ро тасдиқ кард.

Ҳамаи бозиҳои даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бояд то 15 июни соли 2021 анҷом ёбанд ва мувофиқи Конфедератсияи футболи Осиё, давраҳои боқимонда бояд дар санаҳои зерин баргузор шаванд: даври 7-ум – 25 март, даври 8-ум – 30 март, 9-ум даври – 7 июн ва 10-уми июн – 15 июн.

Бар асоси ин, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 25 март дар майдони худ бо мунтахаби миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Сипас, 7 июн тими миллии мо дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон неру месанҷад ва дар даври ниҳоӣ 15 июн дар майдони худ тими миллии Мянмарро қабул мекунад.Чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сол (U-19) дар Ӯзбекистон аз 3 то 20 марти соли 2021 ва Чемпионати футзали Осиё аз 23 март то 3 апрел дар Кувайт баргузор мешаванд.

Кумитаи иҷроияи КФО тасдиқ кард, ки бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2021 дар Минтақаи Марказӣ аз як бозӣ иборат буда, рӯзҳои 6-7 апрел баргузор мешаванд ва даври плей-офф рӯзҳои 20-21 апрел таъин шудааст. Худи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО соли оянда дар шакли мутамарказ баргузор мешавад. Бозиҳои даври гурӯҳии дуввумин мусобиқаи муҳимтарини бошгоҳӣ дар Осиё дар минтақаи марказӣ аз 14 то 20 май баргузор мешаванд. Бозиҳо дар як давр дар системаи даврӣ гузаронида мешаванд.

Конфедератсияи футболи Осиё моҳи декабр пас аз натиҷаи литсензиякунонии бошгоҳҳо дар лигаҳо ва ассотсиатсияҳои Ҷоми КФО 2021-ро тасдиқ мекунад. Дастаи “Равшан” (барандаи Ҷоми Тоҷикистон) ва “Хуҷанд” (барандаи медали нуқраи чемпионат) аз Тоҷикистон ҳаққи ширкат дар Ҷоми КФО-ро гирифтанд.

Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе соли оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО баромад мекунад. Мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар кадом шакл ва дар кадом мӯҳлат баргузор мешавад, КФО ҳанӯз эълон накардааст. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 эҳтимолан на дертар аз моҳи апрел оғоз шавад.

Назари худро бинависед