Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Соро компания» ва «Сипар» мусовӣ бозӣ карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Соро компания» ва «Сипар» мусовӣ бозӣ карданд

Бозии марказии даври сеюми Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 байни ду дастаи муддаии асосии унвони қаҳрамонии мусобиқаи имсола – «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд бо ҳисоби баробари натиҷаноки 3 бар 3 анҷом ёфт.

Ду голи «Соро компания»-ро легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадӣ ва 1 голи дигарро Файзалӣ Сардоров зад. Голҳои «Сипар»-ро бошад Баҳодур Хоҷаев, Парвиз Раҳматов ва Шавкат Ҳалимов заданд.

Дар бозии дигари ин давр байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Помир»-и Хоруғ низ ғолиб муайян нагашт. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Дебютанти лигаи дастаи футзали «Пойтахт» бошад дар сафар бар «Самандар»-и Турсунзода бо ҳисоби калони 7 бар 3 дастболо шуд. Баъд аз се даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои футзали «Соро компания» ва «Сипар» бо ҳафт имтиёзӣ пешсаф мебошанд.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 3 2 1 0 14-3 7
2 «Сипар» (Хуҷанд)                      3 2 1 0 13-3 7
3 «Истиқлол» (Душанбе) 3 1 1 1 6-5 4
4 «Помир» (Хоруғ) 3 1 1 1 5-8 4
5 «Пойтахт» (Душанбе) 3 1 0 2 7-17 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 3 0 0 3 5-14 0

 

Дар даври чорум вомехӯранд:

10 июл (шанбе)

12:00 – «Пойтахт» – «Истиқлол»

15:00 – «Самандар» – «Соро компания»

18:00 – «Помир» – «Сипар»

Назари худро бинависед