Ҳайати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии директори генералӣ Диёр Имомхоҷаев бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд.
Директори генералии Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон Диёр Имомхоҷаев, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон Зоҳирҷон Акрамхонов, роҳбари шуъбаи маркетинг Аббосхон Аҳроров ва сардори шуъбаи рушди дастаҳо Онгар Ҷалимов ба қароргоҳи ФФТ ташриф оварда, бо роҳбарияти Лигаи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбари лига Сайвалӣ Шоқурбонов мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ҷараён гирифт. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи ду лигаи футболро муфассал баррасӣ карданд. Илова бар ин, ҳайати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар гӯшаи зебоманзари ноҳияи Варзоб дар ҳоли бунёдшавист ва пойгоҳи тамринии дастаҳои мунтахаби ҳама категория ва синну солҳо хоҳад буд, дидан карданд.
Ҳамчунин меҳмонон дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:1 ширкат карданд.