Бо ибтикори Лигаи футболи Тоҷикистон дар мавсими тобистон барои дастаҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон мусобиқаи нав таҳти унвони Ҷоми «Ҷавонӣ» баргузор карда мешавад. Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мусобиқа дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ сурат мегирад. Дар марҳилаи муқаддамотӣ, ки аз 7 то 24 июл баргузор мегардад, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар минтақаи Суғд чаҳор даста – «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан» ва «Равшан» (Зафаробод) барои як роҳхати қисми ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар минтақаи Душанбе шаш даста – «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Равшан» (Кӯлоб), Хатлон, Файзканд ва КМВА нерусанҷӣ мекунанд.
Се даста аз минтақаи Душанбе ва ғолиби минтақаи Суғд ба қисми ниҳоии мусобиқа, ки ҷуфтҳои даври нимниҳоиро ташкил медиҳанд, роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва мағлубшудаҳо дар бозӣ барои ҷойи севум муборизаро идома медиҳанд.
Ғолиби мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» 30 ҳазор сомонӣ, иштирокчии вохӯрии ниҳоӣ 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад гирифт.