Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи августро ҷамъбаст карда, беҳтарин футболбоз ва беҳтарин мураббииро дар Лигаи якуми мамлакат номбар намуд.
Моҳи август дар Лигаи якуми Тоҷикистон чаҳор давр, инчунин бозиҳои даври 1/8 финалии Ҷоми кишвар баргузор шуданд. Тибқи натиҷаҳои моҳи гузашта, ҳамлагари “Эсхата”-и Хуҷанд Мубинҷон Мӯъминов беҳтарин бозигар дониста шуд, ки дар моҳи август 7 гол задааст.
Сармураббии “Эсхата” Ниёзалӣ Бобохонов бошад беҳтарин мураббии лигаи якуми Тоҷикистон дар моҳи август шинохта шуд. Таҳти роҳбарии ӯ “бонкдорҳо” се ғалаба ба даст оварда, як бозиро мусовӣ анҷом доданд ва инчунин ба бозиҳои чорякфинали Ҷоми кишвар роҳ ёфтанд. Беҳтаринҳои моҳи август аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.