Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи апрелро дар се лига муайян кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи апрелро дар се лига муайян кард

Лигаи футболи Тоҷикистон аз як моҳи гузашта натиҷагирӣ карда, беҳтарин бозигарон ва мураббиёни се лига – лигаи олӣ, лигаи аввал ва мусобиқоти байни дастаҳои ҷавононро эълон намуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ капитани дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Фатҳулло Фатҳуллоев, ки дар панҷ бозӣ се гол зад, беҳтарин бозигари моҳи апрел эътироф гардид.

Беҳтарин мураббии лигаи олии Тоҷикистон дар моҳи гузашта сармураббии дастаи «Хатлон» Аслиддин Ҳабибуллоев дониста шуд, ки бо роҳбарии ӯ даста дар панҷ дидор се пирӯзӣ ба даст оварда, ду бозии дигарро мусовӣ анҷом дод.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум нимҳимоятгари дастаи «Куктош» Худойдод Узоқов беҳтарин бозигари моҳи апрел эътироф гардид. Ва беҳтарин мураббии моҳи гузашта дар лигаи якум сармураббии «Барқчӣ»-и Ҳисор Зайниддин Раҳимов дониста шуд, ки дастааш дар оғози чемпионат пайиҳам ду пирӯзӣ ба даст овард.

Илова бар ин, бо ибтикори Лигаи футболи Тоҷикистон имсол ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни ҷавонон ҳам мукофотонида мешаванд. Аз рӯи натоиҷи моҳи апрел ҳуҷумкунандаи дастаи «Хуҷанд» Ҷамшед Ҷӯраев дар панҷ бозӣ 7 гол зада, беҳтарин бозигари моҳи апрел гардид.  Фарҳодҷон Холбеков, сармураббии тими ҷавонони «Регар-ТадАЗ» беҳтарин мураббӣ дониста шуд. Таҳти роҳбарии ӯ ҷавонони «Регар-ТадАЗ» дар панҷ вохӯрӣ 15 хол ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки беҳтарин бозигарон ва мураббиёнро Лигаи футболи Тоҷикистон бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мекунад. Ба беҳтаринҳои лигаи олӣ 3000 сомонӣ, лигаи якум 2000 сомонӣ ва чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.

Назари худро бинависед