Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24: «Истиқлол» бо «Персеполис»-и Эрон мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24: «Истиқлол» бо «Персеполис»-и Эрон мусовӣ кард

Дар доираи даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо тими «Персеполис»-и Эрон рақобатро 1:1 мусовӣ кард.

Ин вохӯрӣ 7 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, 12 500 тамошобинро ба ҳам овард. Ниммуҳофизатгари дастаи «Персеполис» Маҳдӣ Торобӣ дар дақиқаи 30-юм аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 74-ум пас аз партофти Амадонӣ Камолов легионери ивуарии «Истиқлол» Сенин Себаи натиҷаро баробар намуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е» «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бар тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Пас аз анҷоми чаҳор даври марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 «Ал-Наср» бо 12 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. «Персеполис»-и Эрон ҳафт имтиёз касб намудааст. «Истиқлол» бо ду имтиёз дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтааст. Дар зинаи охири гурӯҳ чемпиони Қатар – «Ал-Дуҳайл» (1 хол) ҷой дорад.

Дар ду бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол» бо дастаҳои «Ал-Дуҳайл» (27 ноябр, дар меҳмонӣ) ва «Ал-Наср» (5 декабр, дар майдони худ) бозӣ мекунад.

 

🏆 Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

♦️ Минтақаи ғарб. Гурӯҳи «Е». Даври 4

🇹🇯 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 🇮🇷 «Персеполис» (Эрон) – 1:1

️ Голҳо: Маҳдӣ Торобӣ, 30 (0:1). Сенин Себаи, 74 (1:1).

🇹🇯 «Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Иван Новоселетс, Табрез Исломов, Ромиш Ҷалилов, Артур Карташян, Содиқҷон Қурбонов, Денис Беганович, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (Шаҳром Сулаймонов, 82), Сенин Себаи (Шервонӣ Мабатшоев, 86).

🔝 Беҳтарин бозигари бозӣ: Алиризо Бейраванд (🇮🇷 «Персеполис»).

🏟 7 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 12500 тамошобин.

 

🇶🇦 «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 🇸🇦 «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 2:3

Назари худро бинависед