Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24: имрӯз «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24: имрӯз «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» бозӣ мекунад

Имрӯз, 27-уми ноябр дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Доҳа бозии панҷуми худро дар чаҳорчӯби марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» баргузор мекунад.

Рақиби «Истиқлол» дар ин давр қаҳрамони Қатар бошгоҳи «Ал-Дуҳайл» мебошад. Ин дидор дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ба «Истиқлол» дар бозии имрӯза муваффақият таманно дорем!

 

🏆 Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

♦️ Минтақаи ғарбӣ. Гурӯҳи «Е». Даври 5

📅 27 ноябр (душанбе)

️ Оғоз – соати 21:00 ба вақти Душанбе

🇶🇦 «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 🇹🇯 «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

🏟 Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

Назари худро бинависед