Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021: имрӯз «Истиқлол» бо «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021: имрӯз «Истиқлол» бо «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» бозӣ мекунад

Имрӯз, 27 апрел, бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар гурӯҳи “А” баргузор мешаванд. Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар ин давр бо пурқувваттарин дастаи футболи Имороти Муттаҳиддаи Арабӣ «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд баргузор шуда, соати 23:55 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки баъд аз чор даври бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” бо  бо ҳафт имтиёзӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 5-ум

27 апрел (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 23:55 ба вақти Душанбе

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 4 2 1 1 8-6 7
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 4 2 1 1 8-7 7
3 «Шубоб Ал-Аҳли» (АМА) 4 1 1 2 4-5 4
4 АГМК (Узбекистон) 4 1 1 2 7-9 4

Назари худро бинависед