ЛФТ санаи баргузории чор бозии мавқуфгузоштаи Сoca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021-ро эълон намуд – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ санаи баргузории чор бозии мавқуфгузоштаи Сoca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021-ро эълон намуд

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории чор бозии мавқуфгузоштаи Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олии кишварро эълон намуд.

Дар рӯзи захираи тақвими бозиҳо – 2 июн ду бозии мавқуфгузоштаи даври ҳафтуми мусобиқа баргузор мегардад, ки дар онҳо «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ «Файзканд»-и Восеъ ва КМВА-и Душанбе  «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад.

Дар рӯзи дигари захираи тақвим – 6 июн бошад «Эсхата» – «Хуҷанд» (бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум) ва «Равшан» – «Кӯктош» (бозии мавқуфгузоштаи даври 9-ум) вомехӯранд.

Ёдрас мешавем, ки бо сабаби барканор кардан аз варзишгоҳи хонагӣ дастаи “Равшан” бозияшро муқобили “Кӯктош” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар мегузаронад.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 7-ум

2 июн (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Хуҷанд» – «Файзканд»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

КМВА – «Равшан»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум

6 июн (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Эсхата» – «Хуҷанд»

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

 

Бозии мавқуфгузоштаи даври 9ум

6 июн (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Равшан» – «Кӯктош»

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед