ЛФТ санаи баргузории бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистонро тасдиқ кард – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ санаи баргузории бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистонро тасдиқ кард

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2020-ро тасдиқ намуд. Бозиҳо рӯзҳои 1-3 моҳи август баргузор хоҳанд шуд.

Рӯзи шанбеи 1 август «Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ», «Файзканд» – «Хатлон» ва «Хуҷанд» – «Кӯктош» вориди рақобат мешаванд.

Рӯзи якшанбеи 2 август низ се вохӯрӣ – «Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер», “Истаравшан” – КМВА (Душанбе) ва «Барқчӣ» – «Локомотив-Помир» баргузор мегардад.

Ду бозии ҷамъбастии марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқаи имсола барои Ҷоми Миллӣ, дар онҳо «Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» ва «Истиқлол» – «Моҳир» бо ҳам рақобат мекунанд, рӯзи душанбеи 3 август доир хоҳанд шуд.

Аз рӯи натиҷаи бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1\4 финалӣ муайян хоҳанд шуд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Бозиҳои 1/8 финалӣ

1 августа (суббота)

Оғози бозиҳо соати 16:45

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

 

«Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-соагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

2 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:45

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

«Истаравшан» (Истаравшан) – КМВА (Душанбе)

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

 

3 август (душанбе)

Оғози бозӣ соати 16:45

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд)

Зафаробод, варзишгоҳи «Равшан-Арена»

 

Оғози бозӣ соати 18:30

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед