Курсҳои мураббигӣ оид ба фитнес дар доираи барномаи «Level 1B»-и КФО ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Курсҳои мураббигӣ оид ба фитнес дар доираи барномаи «Level 1B»-и КФО ба анҷом расид

Дар шаҳри Душанбе курси панҷрӯзаи омӯзишии Конфедератсияи футболи Осиё барои мураббиёни фитнес «AFC Fitness Coaching Certificate Course – Level 1B» ба анҷом расид.

Дастурдиҳандаи курсҳо инструктори КФО Ғуломризо Ҷаҳонӣ аз Эрон буд. Барномаи семинари панҷрӯза аз омезиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии тарбияи ҷисмонӣ дар футбол иборат аст.

Дар маросими ҷамъбастии курсҳои КФО барои мураббиёни фитнес директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ширкат варзида, ба Ғуломризо Ҷаҳонӣ барои табодули таҷриба изҳори сипос намуд.

Дар курсҳо сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Далер Каёсов (мунтахаби  U-14), Раҳматулло Фузайлов (дастаи U-16), Мубин Эргашев (дастаи U-23), Фарҳодҷон Холбеков (дастаи духтарона U-15) ва Иззатулло Исоқов (мунтахаби духатронаи то 18-сола) ширкат намуданд. Ба ҷуз аз онҳо Сиёвуш Боев, Бахтиёр Ҳакимов, Рустам Хоҷаев, Субҳон Хоҷамов, Ҷомихон Муҳиддинов, Олимшо Қадамшоев, Рустам Абдуллоев, Ҷаваршоҳ Шоҳғиёсов, Зариф Усмонов ва Алишер Тухтаев дар семинар ширкат доштанд.

Назари худро бинависед