Кумитаи назорати интизоми ФФТ бозингари «Ваҳдат»-ро як сол аз футбол барканор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи назорати интизоми ФФТ бозингари «Ваҳдат»-ро як сол аз футбол барканор кард

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 1 июн таҳти раёсати роҳбари Кумита Тоҳир Нурзода ҷамъ омада, қоидавайронкуниҳои навбатиро дар бозиҳои Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ, мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми кишвар ва инчунин дар бозиҳои Parimatch – Ҷоми Тоҷикистон-2021 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, нисбати қоидавайронкунандаҳо тибқи Кодекси назорати интизоми ФФТ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Аз ҷумла барои вайрон намудани банди 12-и боби 5-и Кодекси мазкур, ки таъмин накардани тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми баргузории бозиҳо баён мекунанд, дастаи “Хатлон” дар бозии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон ба муқобили “Файзканд” ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Барои вайрон кардани банди 28.1.9-и боби 7-и Кодекси назорати интизоми ФФТ, ки овардани фишори ҷисмониро ба шахсони масъули бозӣ баён менамояд, бозингари дастаи “Ваҳдат” Фаридун Нарзуллоев ба муҳлати 1 сол аз ҳақи иштирок намудан дар мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барканор шуда, ба маблағи 1250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Фаридун Нарзуллоев дар бозии мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Ваҳдат”-и Ваҳдат аз қарори қабулнамудаи сардовари вохӯрӣ норозигӣ намуда, ба ӯ фишори ҷисмонӣ овард.

Назари худро бинависед