Имрӯз, 14-уми апрел, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратию интизомӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истаравшан» барои рафтори мухлисонашон ҷарима шуданд.
Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ
– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12 Кодекси интизомии ФФТ, барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ (барои сангандозии мухлисон ба сӯи довари эҳтиётӣ) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Истаравшан» – «Хатлон» (9 апрел), дастаи «Истаравшан» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ (барои мухлисоне, ки пас аз анҷоми бозӣ вориди майдон шуданд ва ба оғози бозӣ дер омадани мошини ёрии таъҷилӣ) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Равшан»-и Зафаробод (10 апрел), тими «Хуҷанд» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.