Кумитаи иҷроияи ФФТ нақшаҳои мавсими ояндаро тасдиқ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи иҷроияи ФФТ нақшаҳои мавсими ояндаро тасдиқ кард

Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он нақшаҳои мавсими навбатии футбол дар кишвар тасдиқ гардид.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ мусобиқаҳое, ки соли оянда таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешаванд, баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

33-юмин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 30-юми март оғоз шуда, мисли ду соли охир дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар қисми аввал даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Баъдан дастаҳо дар марҳилаи дуюм ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум, ҳар як бошгоҳ дар чемпионат 22 вохӯригӣ мегузаронад.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 миёни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи лигаи олӣ – «Равшан»-и Кӯлоб 11 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи таъмиршудаи шаҳри Турсунзода сурат мегирад, ки дар он таҷҳизоти равшанидиҳӣ насб мегардад. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар мавсими соли 2024 соати 18:00 оғоз мешавад.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, ки онҷо низ нурафканҳо насб карда мешаванд, макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 тасдиқ шуд.

Маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад. Соли оянда ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, вале то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад.

Мавсими навбатии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум 19 апрел оғоз шуда, дар ду давра баргузор мешавад.

Илова бар ин, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифта шуд, ки маблағи аъзогӣ барои дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон боло бурда шавад. Акнун барои ширкат дар лигаи олии кишвар 80 ҳазор сомонӣ ва дар лигаи якум 40 ҳазор сомонӣ супорида мешавад. Қаблан маблағи ширкат дар мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон 60 ҳазор сомонӣ (лигаи олӣ) ва 20 ҳазор сомониро (лигаи якум) ташкил медод.

Назари худро бинависед