Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ шакли баргузории бозиҳои марҳилаҳои баъдии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро муайян намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ шакли баргузории бозиҳои марҳилаҳои баъдии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро муайян намуд

Дар ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки таҳти раёсати ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов баргузор гардид, шакли гузаронидани вохӯриҳои 1/8, 1/4 ва ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ намуд.

Тибқи қарори Кумитаи мазкур бозиҳои марҳилаи 1/8 ва 1/4 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 аз як вохӯрӣ ва бозиҳои ниманиҳоӣ бошанд аз ду вохӯрӣ (дар хона ва дар майдони ҳариф) баргузор хоҳанд шуд.

Баргузории бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Қуръакашии сеткаи асосии Ҷоми миллӣ рӯзҳои наздик доир мешавад.

Назари худро бинависед