КМВА Ҷоми КФО-2022-ро бо мусовӣ оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА Ҷоми КФО-2022-ро бо мусовӣ оғоз кард

Барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА дар бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022, бо қаҳрамони Туркманистон дастаи «Алтин Асир» мусовӣ кард (1:1). 

Ҳарду голро дар ин бозӣ артишиҳо ба самар расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КМВА Элчибек Рашидбеков тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид кард. Ва дар дақиқаи 90+3 нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Абдулло Шарипов, ки аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромад, натиҷаро баробар кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е», ноибқаҳрамони Ӯзбекистон «Суғдиёна»-и Ҷиззах, бар барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта тими “Нефтчӣ” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ба дастаи «Суғдиёна» легионерҳои серб – Лука Чермел ва Марко Колакович се хол оварданд. 

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи 27-уми июн бо тими «Суғдиёна» бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мешавад.

 

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «Е». Даври 1

«Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – 1:1

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 85 – автогол (1:0). Абдулло Шарипов, 90+3 (1:1).

КМВА (Душанбе, Тоҷикистон): Азамат Ахмедов, Алишер Сафаров, Комрон Мирзонаҷод, Хуршед-Тимур Ҷӯраев (Хуршед Абдуллоев, 89), Элчибек Рашидбеков (Абдулло Шарипов, 89), Идрис Амину, Наврӯз Рустамов, Комрон Иброҳимов (Бенҷамин Асамоа, 81), Вайсиддин Сафаров (Шарафҷон Солеҳов, 76), Ҷонибек Шарипов, Сергей Доронин.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Абдулло Шарипов (КМВА).

Довари марказӣ: Сухайзӣ Бин Шукрӣ (Малайзия).

24 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5720 тамошобин.

Назари худро бинависед