КМВА аввалин роҳхати даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023-ро ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА аввалин роҳхати даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023-ро ба даст овард

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 аввалин иштирокчии даври ниманиҳоӣ муайян шуд. КМВА-и Душанбе пеш аз муҳлат ғолиби гурӯҳи «А» гардид.

Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ФФТ-2023 рӯзҳои 18 ва 19 феврал баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсия-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023

Қисми ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2

«Ҳосилот» – «Равшан» – 2:2

Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 5 – аз пеналти (0:1). Наврӯз Рустамов, 38 (1:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 51 – аз пеналти (1:2). Амирҷон Худойдодов, 90+3 (2:2).

Аз майдон ронда шуд: Даур Чанба («Равшан»), 44 – корти зарди 2-юм, Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»), 83 – корти зарди 2-юм.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Равшан»).

 

КМВА – «Истаравшан» – 5:0

Голҳо: Хуршед-Тимур Ҷӯраев, 15 (1:0). Асадбек Ҷӯрабекзода, 19 (2:0). Асадбек Ҷӯрабекзода, 44 (3:0). Суҳроб Каримов, 55 (4:0). Бахтиёр Чориев, 73 (5:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА).

 

Гурӯҳи «Б». Даври 2

«Душанбе» – «Панҷшер» – 0:2

Голҳо: Муҳаммад Ризомов, 32 (0:1). Давлатбек Сайдаминов, 47 (0:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳаммад Ризомов («Панҷшер»).

 

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» – 0:6

Голҳо: Абдухалил Боронов, 5 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 24 (0:2). Нуриддин Ҳамроқулов, 50 (0:3). Шуҳрат Элмуродов, 57 (0:4). Абдухалил Боронов, 68 (0:5). Фирӯз Қараев, 83 – аз пеналти (0:6).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Назари худро бинависед