КФО ба ФФТ барои сатҳи баланди ташкили бозиҳои Ҷоми КФО-2022 изҳори сипос кард – Федерация Футбола Таджикистана

КФО ба ФФТ барои сатҳи баланди ташкили бозиҳои Ҷоми КФО-2022 изҳори сипос кард

Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили бомуваффақонаи мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е», ки аз 24 то 30 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳори сипос намуд. 

Дар номаи расмии дабири кулли Конфедератсияи футболи Осиё Датук Сери Виндзор Ҷон, ки ба унвони дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст: 

«Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллиро бо ташкили бомуваффақонаи мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» табрик мегӯем.

Муваффақияти мусобиқот, бешубҳа аз фидокорӣ, заҳмат, талошҳои беандозаи ФФТ ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ дар нигоҳ доштани сатҳи баланди ташкилӣ сарфи назар аз шароити душвор гувоҳӣ медиҳад.

Мо ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои меҳмоннавозии олӣ ба ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳамаи бошгоҳҳои ширкаткунанда, инчунин баҳри чораҳое, ки ҷиҳати таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа андешида шуданд, миннатдорӣ баён менамоем. 

Мо аз шумо миннатдорем ва ба ҳамкориҳои минбаъда бо Федератсияи футболи Тоҷикистон умед дорем». 

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» бо ширкати дастаҳои КМВА (Тоҷикистон), «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) аз 24 то 30 июн дар Душанбе барпо гардид. Дар маҷмуъ шаш вохӯрӣ сурат гирифт. Дар бозиҳо ҳамагӣ 20261 нафар тамошобин ҳузур доштанд. Ғолиби гурӯҳ ноибқаҳрамони Ӯзбекистон дастаи футболи «Суғдиёна» гардид, ки ба финали минтақавӣ роҳ ёфт.

Назари худро бинависед