«Истиқлол» ва «Хатлон» пешсафони ҷадвали мусобиқа баъди ду давр – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ва «Хатлон» пешсафони ҷадвали мусобиқа баъди ду давр

Даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуд, ки баъди он дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои футболи “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хатлон” (Бохтар) бо 6 имтиёзӣ пешсаф мебошанд.

Дар даври дуюми бозиҳо «Хатлон» ғайриинтизор дар Варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд аз “Хатлон” бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб шуд. Голҳои “Хатлон”-ро  Худойдод Узоқов, Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов ба самар расонданд. Голҳои дастаи соҳили Сирдарёро легионери узбекистонӣ Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров заданд.

Дар бозии дигари даври дуюм “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар КМВА бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Голҳои дастаи пойтахтро капитани даста Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд.

Ба ин тартиб, баъди ду давр “Истиқлол” ва “Хатлон” бо шаш имтиёзӣ дар мақомҳои аввал ва дуюми ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Истиқлол» – КМВА – 2:0

ГолҳоАлишер Ҷалилов, 19 (1:0). Шериддин Бобоев, 86 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Марко Милич, Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Виктор Свежов, Алишер Ҷалилов, Искандар Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев, Воҳид Оразсаҳедов (Рустам Соиров, 54), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 74).

ЦСКА (Душанбе): Иван Пономаренко, Комрони Мирзохон, Бахтиёр Қаландаров, Алиҷони Кароматуллозода, Дмитрий Бондар, Билол Сулаймонов (Сӯҳроб Ҷалилов, 62), Артем Гайдаш (Шамсиддин Қосимов, 84), Парвиз Кашкаров (Дилшод Восиев, 55), Нодирбек Ибрагимов, Шервони Мабатшоев, Шодибек Ғаффоров.

Огоҳонида шудандИскандар Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Нодирбек Ибрагимов, Шодибек Ғаффоров (КМВА).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Умед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

12 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3

ГолҳоХудойдод Узоқов, 21 (0:1). Сорбон Авғонов, 36 (0:2). Санҷар Рихсибоев, 48 (1:2). Парвиз Боқӣ-Охунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икрамов, Хуршед Бекназаров, Сироҷ Ҳамроев, Ойбек Абдуғаффоров (Бахтиёр Чориев, 76), Фирдавс Чақалов, Комрон Мирзонаҷот (Дилшод Бозоров, 69), Абдулмумин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Манучеҳр Ахмедов (Манучеҳр Сафаров, 38), Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Ибрагимзода, Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров, Сорбон Авғонов (Саидшо Бозоров, 69), Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов, Эҳсон Бобоев, Худойдод Узоқов (Сунатулло Исмоилов, 83), Парвиз Боқӣ-Охунов.

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Ахмедов, Андрей Сидоров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Ҳусейн Нурматов, Парвиз Боқӣ-Охунов, Умарҷон Шарипов («Хатлон»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣКуайе Годсон («Хатлон»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

12 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 9-0 6
2 «Хатлон» (Бохтар) 2 2 0 0 5-3 6
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 1 0 3-0 4
4 «Файзканд» (Восеъ) 2 1 1 0 5-4 4
5 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 2 1 1 0 3-2 4
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 5-4 3
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 0 1 1 2-3 1
8 КМВА (Душанбе) 2 0 0 2 1-5 0
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 0 0 2 1-5 0
10 «Душанбе-83» (Душанбе) 2 0 0 2 0-8 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз Истиқлол») – 3 голӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 2 голӣ.

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

18 апрел (шанбе)

«Душанбе-83» – «Файзканд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

 

19 апрел (якшанбе)

КМВА – «Локомотив-Помир»

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

Назари худро бинависед