«Истиқлол» дар силсилаи пеналти бар «Куктош» ғалаба карда, бори нуҳум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар силсилаи пеналти бар «Куктош» ғалаба карда, бори нуҳум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд

Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 бар тими  «Куктош» пирӯз шуда, бори нуҳум дар таърихи  худ соҳиби ин ҷоиза  гардид.

Вақти асосии вохӯрии ниҳоӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Дар ду қисми иловагӣ  низ ғолиб муайян нашуд. Дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони «Истиқлол» дастболо шуданд – 5:4.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022. Финал

«Истиқлол» – «Куктош» – 2:2. Аз рӯйи пеналти – 5:4

Голҳо: Муҳаммад Гулаев, 3 (0:1). Сулаймон Собиров, 38 – ба дарвозаи худ (1:1). Худойдод Узоқов, 61 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 72 (2:2).

Зарбаҳои пеналти: Сиёвуш Асроров – 1:0. Худойдод Узоқов – 1:1. Шервонӣ Мабатшоев – 1:1 (бебарор). Сулаймон Собиров – 1:1 (бебарор). Шаҳром Сулаймонов – 2:1. Алишер Шукуров – 2:2. Гонсало Габриэл Ритакко – 3:2. Азизбек Султонов – 3:3. Манучеҳр Ҷалилов – 4:3. Азимҷон Қараев – 4:4. Глеб Грачёв – 5:4. Муҳаммад Гулаев – 5:4 (бебарор).

29 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 6500 тамошобин.

Назари худро бинависед