«Истиқлол» бори аввал дар мавсими ҷорӣ ба садри ҷадвали чемпионати Тоҷикистон-2022 баромад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» бори аввал дар мавсими ҷорӣ ба садри ҷадвали чемпионати Тоҷикистон-2022 баромад

Пас аз пирӯзии калон бар тими «Истаравшан» (3:0) дар бозии мавқуфмондаи даври сеюми чемпионати Тоҷикистон-2022 бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе бори аввал дар мавсими ҷорӣ ба садри ҷадвали мусобиқа баромад. 

Ғалабаи калони «Истиқлол» бар «Истаравшан»-ро ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев бо хет-трики анҷомдодааш таъмин кард.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Бозии ба таъхир гузоштаи даври 3-юм

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 3:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 48 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 62 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 90+3 (3:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Темур Партсвания, Владислав Касминин, Табрез Исломов, Аҳтам Назаров, Сайёди Ковусшо (Алиҷон Кароматуллозода, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Ҷалилов (Глеб Грачев, 76).

«Истаравшан» (Истаравшан): Мирзоҳидҷон Ҷалилов, Ҷавоҳирбек Расулов, Исмоилҷон Охунҷонов, Асадбек Зиёзода (Диловар Бойкузиев, 68), Ҳусейн Нурматов, Ҳамза Ахтамов (Искандар Орипов, 81), Ойбек Ахтамов (Бахтиёр Абдураҳмонов, 81), Шаҳзод Иноятов, Отабек Зокиров, Отабек Каримов, Амирҷон Сафаров.

Огоҳӣ: Темур Партсвания, Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»), Ойбек Ахтамов, Амирҷон Сафаров («Истаравшан»).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»).

Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

31 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед