Қаҳрамони Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 ба шикасти дуюми худ дучор шуд.
Дар даври дуюм дар гурӯҳи «А» бошгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 пешсаф буд. Вале баъдан бартариро аз даст доду аз бошгоҳи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Аз ҳайати «Истиқлол» голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонид.
«Истиқлол» бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё рӯзи 15 апрел бо пешсафи гурӯҳи «А», бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайиҳам ду пирӯзӣ ба даст овард, анҷом медиҳад.
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022
Гурӯҳи «А». Даври 2
«Шарҷа» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).
11 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд.