«Истаравшан» ва КМВА дар бозии ниҳоии Ҷоми ЛФТ-2020 – Федерация Футбола Таджикистана

«Истаравшан» ва КМВА дар бозии ниҳоии Ҷоми ЛФТ-2020

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон мисли соли гузашта дастаҳои футболи “Истарашван” ва КМВА вомехӯранд.

Дар бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи мазкур, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад, рӯзи 16 март, дастаҳои “Кӯктош” бо “Истаравшан” ва КМВА бо “Душанбе-83” вориди рақобат шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳарду бозии ниманиҳоӣ ғолибон тавассути зарбаҳои пеналти маълум гаштанд. Бозии байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Кӯктош” мусовии бе гол анҷом ёфт ва дар задани зарбаҳои пеналти бахт ба рӯи футболбозони истаравшанӣ хандид ва бозӣ бо натиҷаи 5 бар 4 ба фоидаи шогирдони Алиёр Ашурмамадов поён ёфт. Дар бозии дигар байни “Душанбе-83” ва КМВА бошад, вақти асосӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани зарбаҳои пеналти бошад, мудофиачиён аниқтар буданд ва бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯзӣ ёфтанд.

Ба ин тартиб, пагоҳ 18 март, дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаҳои “Кӯктош” бо “Душанбе-83” ва дар бозии финадӣ “Истаравшан” бо КМВА вориди рақобат мешаванд.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Бозиҳои ниманиҳоӣ

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 0:0. Бо пеналти – 4:5

 

КМВА – «Душанбе-83» – 1:1. Бо пеналти – 4:2

 

18 март (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

10:30 – «Кӯктош» – «Душанбе-83»Варзишгоҳи Бонки милӣ

Финал

14:30 – «Истаравшан» – КМВАВарзишгоҳи «Баҳористон»

Назари худро бинависед