Дар шаҳри Истаравшан маросими ҷоизасупорӣ ба бошгоҳи «Истаравшан» баргузор гардид.
Даста дар мавсими 2023-и лигаи якуми Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол карда, роҳхат ба лигаи олӣ-2024 ба даст овард. Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов дар фазои тантанавӣ медалҳои нуқраи мусобиқаро ба ҳайати «Истаравшан» тақдим намуда, ба онҳо ҳунарнамоии арзандаро дар лигаи олӣ таманно намуданд.
Инчунин аз номи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба даста мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ туҳфа карда шуд.