Имшаб мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Сурия вохӯрии дӯстона доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имшаб мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Сурия вохӯрии дӯстона доир мекунад

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай имрӯз, 1-уми июн, тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин дидор дар варзишгоҳи «Ал-Авир» баргузор шуда, соати 19:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Дар замонҳои гуногун тимҳои миллии Сурия ва Тоҷикистон ҳафт маротиба бо ҳам вохӯрдаанд, ки дар ин рақобатҳо мунтахаби Тоҷикистон се бор пирӯз шуда, се маротибаи дигар бохтааст.  Як бозии дигар мусовӣ хотима ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои Сурия – Тоҷикистон, ки имрӯз, 1 июн дар Дубай баргузор мешавад, мустақиман пахш намешавад.

 

Бозии дӯстона

1 июн (чоршанбе)

Оғоз бозӣ – соати 20:45 ба вақти Душанбе

Сурия – ТОЧИКИСТОН

Дубай, Варзишгоҳи «Ал-Авир»

Назари худро бинависед