Имрӯз тими миллии олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии аввалашро дар Ҷоми Осиё-2022 баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз тими миллии олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии аввалашро дар Ҷоми Осиё-2022 баргузор мекунад

Дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 миёни мунтахабҳои то 23 сола, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, имрӯз, 3 июн бозиҳо дар гурӯҳи «D» баргузор мешаванд.

Дастаи миллии Тоҷикистон (U-23) дар оғози мусобиқа бо тими миллии Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд соати 20:00 доир мегардад.  Бозиро метавонед дар шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» мустақиман тамошо кунед. Мо ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ таманно мекунем!

 

Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои то 23 сола

Гурӯҳи «D». Даври 1

3 июн (ҷумъа)

Оғоз – соати 20:00

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»