Имрӯз мусобиқаи қаҳрамонӣ дар лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз меёбад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мусобиқаи қаҳрамонӣ дар лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз меёбад

Имрӯз, 5 апрел мусобиқаи қаҳрамонӣ дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба тартиби ҳисобӣ, мусобиқаи мазкур 29-ум қаҳрамонӣ дар Лигаи олии футболи мамлакат мебошад.

Дар даври ифтитоҳии мусобиқа се бозӣ баргузор мешавад. Дар ин давр «Локомотив-Помир»-и пойтахт дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе “Файзканд”-и Восеъро қабул мекунад. Қобили зикр аст, ки ҳарду даста барои авалин бор дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад доранд. Дар ду бозии дигари ин давр бошад,  “Хатлон”-и Бохтар дар Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бо “Регар-ТадАз”-и Турсунзода вомехӯранд.

Ду бозии дигари ин давр рӯзи чоршанбеи 8 апрел баргузор мешаванд ва дар онҳо дебютанти Лигаи олии имсола – “Душанбе-83» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо чемпиони феълии мамлакат –  “Истиқлол”-и пойтахт ва КМВА Душанбе дар майдони худ витсе-чемпиони кишвар “Хуҷанд”-и Хуҷандро қабул мекунанд.

 

Чемпионати Тоҷикистон Лигаи олӣ. Даври 1-ум

5 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

ЁваронҲасан Каримов (Норак), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣҚурбонмурод Шарипов (Ҳисор).

Нозири доварон: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«Хатлон» – «Истаравшан»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Фарҳод Куралов (Душанбе), Насим Ҳамидов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

 

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Комил Раҳмонов (Ҷайҳун), Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб).

Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доваронРустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

Рӯдакӣ, Варзишгоҳи «Нефтяник»

 

8 апрел (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

ЁваронҲамза Шоймардонов (Хуросон), Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

Довари эҳтиётӣНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

 

КМВА – «Хуҷанд»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Холмурод Абдусаломов (Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣНаврӯз Воҳидов (Вахш).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Фаррух Ҳусейнзода (Ҷалолиддини Балхӣ).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ

Назари худро бинависед