Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023 миёни дастаҳои КМВА – «Регар-ТадАЗ» баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023 миёни дастаҳои КМВА – «Регар-ТадАЗ» баргузор мешавад

Дар шаҳри Ҳисор имрӯз, 25-уми феврал дувоздаҳумин мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом мерасад. 

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2023 КМВА-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода вомехӯранд. Рақобат соати 15:00 оғоз мешавад. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосӣ ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар дар ин вақт ҳам дастаи пирӯз муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолибро аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра маълум мекунанд. 

Бояд гуфт, ки ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

 

🏆 Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023

⚽️ Финал

📅 25 феврал (шанбе)

🕰 Оғоз – соати 15:00

🔵 КМВА – 🔴 «Регар-ТадАЗ»

🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед