Ҳимоятгари «Хатлон» Насков аз ҳаққи ширкат дар ду бозӣ маҳрум карда шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳимоятгари «Хатлон» Насков аз ҳаққи ширкат дар ду бозӣ маҳрум карда шуд

Имрӯз, 22 апрел, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратию интизомӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа қонуншиканиҳое, ки дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон сар заданд, баррасӣ шуданд.

 

Coca-Сola-чемпионатиТоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19 Кодекси интизомии ФФТ, истифодаи суханони таҳқиромез ё қабеҳ нисбати шахсони масъул дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Хатлон» – «Эсхата» (17 апрел), бозигари тими «Хатлон» Муҳаммадҷон Насков аз ҳуқуқи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ, барои риоя накардани шарту талаботи Низомномаи мусобиқа (суханҳои қабеҳи мухлисон нисбати шахсони расмӣ) пас аз анҷоми бозии Coca-Сola-чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Равшан»-и Кӯлоб (16 апрел), ба тими «Равшан» (Кӯлоб) огоҳӣ дода шуд.

Назари худро бинависед