Хуршед-Тимур Ҷӯраев беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 эътироф гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Хуршед-Тимур Ҷӯраев беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 эътироф гардид

Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари КМВА-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имрӯз, 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд, беҳтарин бозигар дониста шуд. Вохӯрии КМВА ва «Регар-ТадАЗ» бо ғалабаи дастаи артиш – 2:1 анҷом ёфт.

Бояд гуфт, КМВА-и пойтахт таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев барои аввалин бор дар таърихи худ барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид. Ғолиби мусобиқот бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Назари худро бинависед