Хуршед Дадобоев ва Наимҷон Мансуров то охири марҳилаи дуюми чемпионати Тоҷикистон-2022 аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Хуршед Дадобоев ва Наимҷон Мансуров то охири марҳилаи дуюми чемпионати Тоҷикистон-2022 аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд

Бо қарори кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ду довар аз вилояти Суғд аз фаъолияти доварӣ барканор карда шуданд.

 Раёсати доварон ва нозирони ФФТ довари марказӣ Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) ва ёвари довар Наимҷон Мансуровро (Бобоҷон Ғафуров) барои ҳакамии бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Саройкамар» ва «Хулбук» таъйин карда буд. Ҳакамҳо таъйини худро тасдиқ карданд, аммо як рӯз пеш аз вохӯрӣ онҳо аз ҳакамӣ даст кашиданд. 

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон бо баррасии ин масъала тасмим гирифт, Хуршед Дадобоев ва Наимҷон Мансуровро барои риоя накардани кодекси интизомии доварон то анҷоми марҳилаи дуюми чемпионати Тоҷикистон-2022 барканор кунад. Онҳо инчунин дар ин муддат дар бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон, лигаи якум ва чемпионати кишвар байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ низ фаъолият карда наметавонанд.

Назари худро бинависед