«Хуҷанд» барандаи медалҳои нуқраи чемпионати имсолаи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» барандаи медалҳои нуқраи чемпионати имсолаи Тоҷикистон шуд

Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври ҳабдаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои истирощатии 26-ум ва 27-уми сентябр бе ширкати тамошогарон доир шуданд, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсола муайян шуд.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии марказии даври гузашта дар меҳмонӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, ду давр пеш аз анҷоми мусобиқа кафолати гирифтани медалҳои нуқраро ба даст овард ва ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми КФО-2021 мушарраф гашт. “Хуҷанд” бо касби 32 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи дувум қарор дорад.

Дастаи «Душанбе-83», ки тими «Локомотив-Помир»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, мавқеашро дар Лигаи олии Тоҷикистон нигаҳ дошт.

Дар бозии дигари даври ҳабдаҳум КМВА-и Душанбе дастаи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Ин аввалин бохти «Истиқлол» дар мусобиқаи имсола ба ҳисоб меравад. Зимнан, «Истиқлол» се давр пеш аз ба охир расидани мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар барандаи медалҳои тилло гардидааст.

“Истиқлол”, ки дар 16 бозӣ 41 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро азони худ кард. “Истиқлол” бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон ва бори ҳафтум пайиҳам соҳиби медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи олӣ гардид.

Бозии дигари даври ҳабдаҳум миёни дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Инчунин дар даври сипаришуда «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, то анҷоми чемпионати 29-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ мондааст. Мубориза барои медалҳои биринҷӣ миёни дастаҳои «Кӯктош», «Хатлон» ва ССКА авҷ хоҳад гирифт.

Чаҳор даста – «Файзканд», «Локомотив-Помир», «Истаравшан» ва «Регар-ТадАЗ» – барои нигаҳ доштани мавқеи худ дар Лигаи олӣ талош меварзанд.

 

Чемпионати Тоҷкистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 2:2

Голҳо: Отабек Каримов, 4 (0:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 20 (1:1). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 41 (2:1). Азизҷон Шамсиев, 90+2 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳсинҷон Абдуғаффоров («Кӯктош»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

26 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

 

«Регар-ТадАЗ» – «Файзканд» – 1:0

Гол: Доробҷон Эргашев, 90+3.

Беҳтарин бозигари дидор: Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

26 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

 

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 2:3

Голҳо: Дилшод Бозоров, 3 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 12 (0:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 32 (0:3). Умарҷон Шарипов, 64 (1:3). Парвиз Боқӣ-Охунов, 90+2 (2:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

27 сентябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 

КМВА – «Истиқлол» – 1:0

Гол: Мунир Давлатбеков, 40.

Беҳтарин бозигари дидор: Иван Пономаренко (ССКА).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

27 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

 

«Душанбе-83» – «Локомотив-Помир» – 1:0

Гол: Исроил Холов, 19 – ба дарвозаи дастаи худ.

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Эргашев («Душанбе-83»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

27 сентябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

 

Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 16 13 2 1 58-9 41
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 16 10 2 4 27-20 32
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 16 6 6 4 25-21 24
4 «Хатлон» (Бохтар) 16 6 6 4 26-23 24
5 ССКА (Душанбе) 16 6 5 5 24-23 23
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 16 5 5 6 18-24 20
7 «Файзканд» (Восеъ) 16 3 7 6 14-26 16
8 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 16 3 4 9 14-25 13
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 16 3 4 9 23-35 13
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 16 3 3 10 18-41 12

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 12-тӯбӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб.

 

Тақвими бозиҳои боқимондаи чемпионати Тоҷикистон:

Даври 15-ум

29 сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30

«Истаравшан» – «Файзканд»

30 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:30

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Локомотив-Помир»

ССКА – «Душанбе-83»

 

Даври 18-ум

4 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30

«Файзканд» – «Локомотив-Помир»

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – ССКА

«Истаравшан» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

Назари худро бинависед