Гурӯҳи кории комиссияи ФФТ аз навоҳии Ёвон ва Рӯдакӣ дидан кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории комиссияи ФФТ аз навоҳии Ёвон ва Рӯдакӣ дидан кард

Ҳайати кории Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов аз вазъи даҳ бошгоҳи лигаи олӣ, инчунин аз дастаҳои лигаи якум, ки дар мавсими нави чемпионати кишвар иштирок мекунанд, дидан менамояд.

Имрӯз гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ боздид ба амал овард. Дар Ёвон ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ мулоқоти корӣ доир намуд. Раиси гурӯҳи кории ФФТ Алишер Урунов аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон Бахтиёр Шарифиро ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ёвон табрик намуда, барору комёбиҳо таманно намуд. Раиси ноҳияи Ёвон дар навбати худ ба ҳайат аз фаъолияти имрӯзаи тими футболи «Моҳир» маълумот дода, ваъда дод, ки оянда дар ноҳия ба футбол аҳамияти бештар зоҳир карда мешавад. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин доир ба чораҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар Варзишгоҳи марказии Ёвон сухан рафт.

Илова бар ин, комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ рафт, ки бошгоҳи футболи «Куктош» инҷо бозиҳои худро баргузор мекунад. Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хабар доданд, то таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии ноҳия аз нав таъмир карда мешавад. Ба гуфтаи онҳо то соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ як иншооти замонавии варзишӣ бо инфрасохтори навин бунёд хоҳад шуд.

Назари худро бинависед