Гулмуроди Саъдулло бозии тимҳои миллии Сингапур ва Кореяи Ҷанубиро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гулмуроди Саъдулло бозии тимҳои миллии Сингапур ва Кореяи Ҷанубиро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 доварӣ мекунад

Довари 33-солаи ФИФА аз Тоҷикистон Гулмуроди Саъдулло довари бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 таъйин шуд.

Ҳайати доварони Гулмуроди Саъдулло бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Сингапур ва Кореяи Ҷанубиро ҳакамӣ мекунад. Ин вохӯрӣ 6 июн дар Варзишгоҳи миллии Сингапур баргузор мешавад. Ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев ба Гулмуроди Саъдулло кӯмак хоҳанд кард.

Назари худро бинависед