Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм ба анҷом расид. Дар мусобиқа чор дастаи ғолиби марҳилаи минтақавӣ – «Покиза» (Душанбе), «Гулистон» (Гулистон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Меҳргон» (Нуробод) барои соҳиб шудан ба се роҳхати ҳаққи иштирок дар Лигаи якуми Тоҷикистион-2022 рақобат намуданд.
Тибқи қуръакашӣ ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоӣ созмон дода шуданд. Дар бозиҳои ниманиҳоӣ «Гулистон» ба «Покиза» бо ҳисоби 5:4 ва «Сарҳадчӣ ба “Меҳргон” бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Покиза” бо ҳисоби 3:1 “Меҳргон”-ро мағлуб сохт. Дар бозии ниҳоӣ бошад, дастаи “Гулистон”-и Гулистон бо ҳисоби 2:0 “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Ҳамадониро дучори мағлубият намуд.
Ба ин тартиб, дастаҳои «Гулистон» (Гулистон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Покиза» (Душанбе) соҳиби роҳхат ба лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли оянда шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуда, ҷоизаҳоро ба соҳибонашон тақдим карданд.
Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм
Бозиҳои ниманиҳоӣ
«Гулистон» (Гулистон) – «Покиза» (Душанбе) – 5:4
«Меҳргон» (Нуробод) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 1:3
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Покиза» (Душанбе) – «Меҳргон» (Нуробод) – 8:2
Финал
«Гулистон» (Гулистон) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) – 2:0